Муншии Муҳаммадмурод Одинаев озод шуд
Бастагони Зулфиқор Одинаев муншии Муҳаммадмурод Одинаев муовини боздоштшудаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз озодии вай аз боздоштгоҳи муваққати полиси ноҳияи Ҳисор хабар доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, наздикони Зулфиқор Одинаев гуфтаанд, ки вай пас аз 15 рӯз бидуни эъломи иттиҳом озод шудааст.
Одинаев чаҳоруми декабр пас аз ширкат дар нишасти матбуотии Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки ба моҷарои нопадид шудани Муҳамадмурод Одинаев муовини ин ҳизб ихтисос дошт ба дасти кормандони полис боздошт шудааст.
Мақомоти полиси ноҳияи Ҳисор аз додани тавзеҳ дар бора иллати боздошт ва озодии Зулфиқор Одинаев худдорӣ кардаанд ва ба ӯ гуфта шудааст, ки аз мусоҳиба бо хабарнигорон худдорӣ кунад.
Ҳамчунин бо вуҷуди узрхоҳии муовин боздошт шудаи ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Муҳамадмурод Одинаев аз кормандони идораи низоми вазифаи ноҳияи ҳисор, вай ҳамчунон дар боздошт ба сар мебарад.
Қаблан дар баёнияи додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба боздошти Муҳамадмурод Одинаев таъкид шуда буд «вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хизмати ҳарбӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хонда ва пас аз даргирӣ бо кормандони идораи низомии ноҳия Ҳисор бо расидани маъмурони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.»
Бештар бихонед: