Таъкиди Сироҷиддин Муҳриддинов бар нақши муҳими Афғонистон дар амнияти Осиёи Марказӣ
Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон ба хуби аз нақши муҳими Афғонистон дар таъмини амният дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ огоҳ аст ва ҳамеша аз ибтикороти созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини сулҳу субот ва бозсозии иқтисодию иҷтимоии ин кишвар ҳимоят мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Душанбе бо эъломи ҳимояти кишвараш аз талошҳои давлати Афғонистон дар заминаи таъмини амният ва сулҳу субот дар ин кишвар ибрози умедворӣ кард: музокироти сулҳи байни афғонҳо заминаи мустаҳкамеро барои истиқрори сулҳу оромиш дар ин кишвари ранҷдида фароҳам кунад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар ин дидор бо ишора ба таҳдиди афзоиши гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва ташдиди рақобатҳои геополтитикӣ барои вазъияти кунунӣ ва ояндаи кишварҳои минтақа бар зарурати чораандешиҳои муштарак барои аз байн бурдани пойгоҳи террористҳо ва гурӯҳҳои созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин бо ибрози ризоят аз афзоиши равобити сиёсии байни ду кишвар ҳамкории Душанбе ва Кобулро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, созмони ҳамкориҳои Шанхай ва созмони ҳамкории исломии муваффақ арзёбӣ карданд.
Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар сафари расмии худ ба Тоҷикистон бо нахуствазир ва раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дидор кардааст.
Бештар бихонед: