Эмомалӣ Раҳмон: Натоиҷи музокироти Афғонистон барои ҳамаи кишварҳо муҳим аст
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Натоиҷи созандаи музокироти сулҳи афғонҳо метавонад паёмадҳои мусбате натанҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дошта бошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дидори раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар Душанбе бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байни афғонҳо ва баргузории аввалин Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ибрози умедворӣ кард талошҳои сулҳ дар ин кишвари дӯсту бародар ҷомаи амал бипўшонад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои ҳамкориҳои ҷадид бо Афғонистон дар заминаҳои илмӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, иттилоотӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ эъломи омодагӣ кард.
Дар ин дидор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ бо ишора ба вазъи кунунӣ ва дурнамоии ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон аз гуфтугӯи муназзами сиёсии байни ду кишвар барои тақвияти муносиботи дӯстона ва дастёбӣ ба роҳҳои таҳкими равобит дар ҳамаи арсаҳо ибрози ризоятмандӣ кард.
Ҳамчунин ду тараф дар ин нишаст бо баррасии иқдомоти гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ ва соири шабакаҳои террористии байналмилалӣ дар минтақа бар лузӯми тақвияти муборизаи муштарак бо ҳамаи ашколи тероризм ва ифротгароӣ ва таҳкими бештари ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаи амният таъкид карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ зимни баррасии ҳамкорӣҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду ҷониба, иҷроии тарҳҳои минтақаиро барои эҷоди масӣиҳои ҷадиди ҳамлу нақл ва тронзитӣ байни кишварҳо зарурӣ донистанд.
Афзоиши ҳамкориҳои беҳдоштии байни Душанбе ва Кобул барои ҷилавгирӣ аз шуюъи бештари бемории Ковид- 19 аз дигар меҳварҳои ин музокирот буд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон субҳи рӯзи душанбе дар идомаи и сафарҳои минтақавии худ вориди Тоҷикистон шуд.
Бештар бихонед: