Қиссаи пурғуссаи ронандагони автобусҳои барқии шаҳри Душанбе
Гурӯҳе аз ронандагони автобусҳои барқии пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз коҳиши маош ва дастмуздҳояшон шикоят доранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ин ронандагон мегӯянд, ки бар асоси барномаи таъиншуда онон дар ҳар рӯз муваззаф ба таҳвили маблағи 200 сомонии роҳкирои дарёфткарда аз мусофирон ба ширкати автобусҳои барқӣ мебошанду маоши онон бар мабноии 25 дарсад аз ҳар 1 сомонӣ ( 25 дирам ) муҳосиба мешавад.
Аммо дар пайи густариши вируси корона ва коҳиши шадиди теъдоди мусофирон мизони маоши моҳонаи ронандагони автобусҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе акнун аз 850 сомонии қабл ба 150 то 300 сомонӣ коҳиш ёфтааст, ки бо ин дастмузд зиндагӣ кардан ғайримумкин мебошад.
Муҳаммадҷон Ғуломов, муовини мудири ширкати автобусҳои барқии шаҳри Душанбе бо таъйиди ин маврид мегӯяд: «Аз замони оғози густариши вируси корона ҳеч ронандае натавониста барномаи пардохти ҳазинаи рӯзонаи роҳкироро иҷро кунад.»
Вай афзудааст: «Ширкати автобусҳои барқии Душанбе худкафо мебошаду бояд маош ва дастмузди ронандагонро аз ҳисоби даромади рӯзонаи онон пардохт кунад, ки дар ҳоли ҳозир ин амр имконпазир нест.»
Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза 100 автобуси барқӣ, 240 автобусу беш аз 1 ҳазору 50 минибус дар шаҳри Душанбе мусофир ҷобаҷо мекунанд.
Бештар бихонед: