Шикояти коргарони нерӯгоҳи Роғун аз пардохт нашудани маош
20 нафар аз 160 коргари ширкати "Асри нур", ки дар сохти нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун фаъолият мекунанд ба далели моҳҳо пардохт нашудани маоши хеш қарордоди худро бекор кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, теъдоде аз ин коргарон гуфтаанд 6 моҳ аст, ки бо вуҷуди ваъдаҳои мудирияти ширкати "Асри нур" наметавонанд маоши моҳиёнаи худро дарёфт кунанд.
Ин дар ҳолест, ки аз миёни 25 ҳазор коргари машғул ба сохти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун, коргарони ширкати Италияии Салини Амприҷило ( Salini Impregilо ) муҷрии тарҳи сохти ин нерӯгоҳ ва дигар ширкатҳои хориҷӣ ба мавқе маош дарёфт мекунанд.
Бо вуҷуди он ки нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар дидор бо коргарони нерӯгоҳи Роғун дар бораи пардохт шудани маоши онон дар наздиктарин замони мумкин ваъда дода буд, аммо ин иттифоқ наяфтод.
Нерӯгоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ- обии Осиёи Марказӣ аст.
Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.
Бештар бихонед: