Декабр 30, 2020 21:47 Asia/Dushanbe
  • Молики ин ширкат Акбар Ғуломов, фарзанди муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон аст
    Молики ин ширкат Акбар Ғуломов, фарзанди муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон аст

Намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди ҳукумати ин кишвар ширкати мавсум ба “Ғаюр” -ро ба муддати 5 сол аз пардохти андоз озод карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, молики ин ширкат Акбар Ғуломов, фарзанди муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон аст, ки мутааҳҳид шудааст дар муддати як сол корхонаи тавлиди кисаҳои полипропилен (пластикӣ)-ро дар шаҳри Душанбе ба баҳрабардорӣ расонад.

Ин корхона аз зарфияти тавлиди солона 50 миллион адад кисаҳои полипропиленӣ бархӯрдор аст, ки бо ҳазинаи 10 миллион доллар сохта хоҳад шуд.

Бо роҳандозии ин корхона барои 100 нафар шуғли доимӣ эҷод хоҳад шуд.

Ширкати “Ғаюр” молики се корхонаи семент дар Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди солона 2,5 миллион тон семент аст, ки бо кумаки моливу фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп