"20 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба ваксинаи корона ниёз дорад"
(last modified Thu, 31 Dec 2020 08:47:23 GMT )
Декабр 31, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон наздик ба ду миллион нафар аз ҷамъияти кишвар бояд ваксинаи корона бизананд
    Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон наздик ба ду миллион нафар аз ҷамъияти кишвар бояд ваксинаи корона бизананд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки 20 дарсад аз ҷамъияти наздик ба 9.5 миллионии ин кишвар ниёз ба тазриқи ваксинаи корона дорад.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Ҷамолиддин Абдуллозода бо ишора ба оғози тазриқи ваксинаи корона дар теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон гуфт: «пешниҳоди Душанбе дар ин замина ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт фиристода шудааст.»

Абдуллозода авлавияти дарёфти ваксинаи Ковид 19-ро бо кормандони бахши тандурустӣ, маорифу илм, афроди болои 50 сол ва афроди гирифтори бемориҳои музмини ғайривогир эълом кард.

Ба гуфтаи вай, барои хариди ваксинаи корона Созмони ҷаҳонии беҳдошт 3 миллиондоллар кумаки ройгон ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ 5 миллиондоллар ба Тоҷикистони ихтисос хоҳанд дод.

Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид кардааст, ки барномаи тазриқи ваксина дар Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмони ҷаҳонии беҳдошт иҷро хоҳад шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

Барчасп