Афзоиши арзиши пардохтҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли нави 2021
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60414-Афзоиши_арзиши_пардохтҳои_ҳуҷҷатгузорӣ_дар_Тоҷикистон_аз_аввали_соли_нави_2021
Пардохти ҳуҷҷатҳо, ҷаримаҳо ва литсензияҳо барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2021 зиёд карда шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 02, 2021 18:58 Asia/Dushanbe
  • Бо оғози соли 20201, пардохт барои  тасдиқи ҳуҷҷатҳо дар тамоми идораҳои Тоҷикистон афзоиш ёфт.
    Бо оғози соли 20201, пардохт барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо дар тамоми идораҳои Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Пардохти ҳуҷҷатҳо, ҷаримаҳо ва литсензияҳо барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2021 зиёд карда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, акнун ҳазинаи дарёфт ва ё тамдиди муддати эътибори гузарномаи хориҷӣ, ки қаблан 87 сомонӣ буд, ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин барои сабти номи Созмони байналмилалӣ бояд 6 ҳазор сомонӣ пардохт кард, дар ки ин рақам қаблан 5 ҳазору 600 сомонӣ буд.

Ҳазинаи сабти номи ширкати тиҷорӣ низ, ки қаблан ҳазору 450 сомонӣ буд, ба ҳазору 500 сомонӣ расидааст.

Ҳазинаи дарёфти гувоҳинома барои мутақозиёни фаъолият дар бахши хусусии Тоҷикистон низ аз 58 сомонии қаблӣ ба 60 сомонӣ расидааст.

Дар маҷмӯъ, арзиши пардохтҳо дар ҳамаи шӯъбаҳо барои баровардан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо  ба мизони 3,4  фоиз дар муқоиса бо соли 2020 афзудааст.

 

Бештар бихонед: