Январ 03, 2021 13:43 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъӯляти ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Данғараро бар ӯҳда гирифт
    ДИИШ масъӯляти ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Данғараро бар ӯҳда гирифт

Коргардони тоҷик дар бораи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар тобистони соли 2018 филми мустанад месозад.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Маҳпора Киромова гуфтааст, ки сохти филми мустанад дар бораи ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро оғоз кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки сохти ин филм ниёз ба таҳқиқ дар бораи тамомии аснод ва шавоҳид дорад ва коре замонбар аст.

Дар ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони дучархаи савори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ки рӯзи 29 июли 2018 рух дод, чаҳор гардишгар аз кишварҳои Амрико, Нидерланд ва Швейтсария кушта шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъӯляти ин ҳамлаи маргборро бар ӯҳда гирифт.

Ҳусейн Абдусамадов танҳо гумонбари монда аз гурӯҳи муҳоҷим ба ин гардишгарон буд, ки ба зиндони абад маҳкум шуд ва дар онҷо ҷон бохт.

Абдусамадов мушорикат дар куштори чаҳор гардишгари дучархасавори хориҷиро пазируфт, аммо ҳаргиз ибрози пушаймонӣ накард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп