Ҷашнвораи филми Тоҷикистон мизбони синамои Эрон
Дар чорчӯби ҳамкориҳои байналмилалии Созмони ҷашнвораи ҷаҳонии "Филми Фаҷр", дар Ҷашнвораи байналмилалии филми "Дидор"-и Тоҷикистон, саҳми вижа ба синамои Эрон ихтисос ёфтааст.
Дар ҳамин чорчӯб, Ризо Киёниён дар мақоми довар дар бузургтарин рӯйдоди синамоии кишвари Тоҷикистон ҳузур пайдо мекунад ва филмҳои баланд « Духтар » ( Ризо Миркаримӣ), « Кафшҳоям ку? » (Кайюмарси Пураҳмад), "Рухи Девона" ( Абулҳасан Довудӣ), "Бидуни марз" ( Амирҳусейн Аскарӣ), "Яҳё сукут накард" ( Кова Иброҳимпур), "Отлон" ( Муъин Каримуддинӣ), " Дар дунёи ту соат чанд аст?" ( Сафӣ Яздонӣ) ва "Худо ҳофизии тулонӣ" ( Фарзод Муватман) ба ҳамроҳи маҷмуае аз филмҳои кутоҳи эронӣ дар ҷашнвораи мазкур ба намоиш дармеояд.
Филми "Худо ҳофизии тулонӣ", ки пахши байналмилалии он бар уҳдаи ин бунёд аст, токунун дар ҷашнвораҳои байналмилалии Босон (Кореяи Ҷанубӣ) Косо Осиё (Испания), Банглор (Ҳинд), Зифор (Умон), Ол Лойтез (Ҳинд), Мазҳаби имрӯз ( Италия) ва ҳаминтавр дар ҷашнвораҳои эронии филми Австралия ва Канада бар рӯи парда рафтааст. Ҷвшнҷорви бвйналмилаии филми дидор аз 16 то 20 октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.