Ӯзбекистон ба Тоҷикистон парвози ихтисосӣ барқарор мекунад
(last modified Sun, 03 Jan 2021 15:32:26 GMT )
Январ 03, 2021 20:32 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбекистон ба Тоҷикистон парвози ихтисосӣ барқарор мекунад
    Ӯзбекистон ба Тоҷикистон парвози ихтисосӣ барқарор мекунад

Ширкати ҳавопаймоии "Ӯзбекистон Эйрвиз" нахустин парвози ихтисосии худро аз "Тошканд" ба "Душанбе" ва баръаксро дар рӯзи 5 январ анҷом медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбакистон Эйрвиз» нахустин парвози ихтисосии худро аз «Тошканд» ба «Душанбе» ва баракс дар рӯзи 5 январ анҷом медиҳад.

Парвози шумораи HY-3717 рӯзи 5 январи соати 9:30 ба вақти маҳаллӣ аз «Тошканд » парвоз ва соати 10:30 дар фурӯдгоҳи байналмилалии «Душанбе » ба замини мешинад. Парвози баргашт низ пас аз як соатуним анҷом ва пешбинӣ мешавад ҳавопаймои соати 13:00 вориди «Тошканд » шавад.

Ҳамакнун билетҳои ин парвоз дар боҷаҳои ширкати ҳавопаймоӣ ба фурӯш меравад.

Ба гуфтаи намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ, теъдоди парвозҳо бастагӣ ба мусофирон дорад.

Дар ин миён намояндагони ширкати ҳавопаймоии Ӯзбакистон эълом карданд, ки мусофирон барои савори ҳавопаймо бояд натиҷаи манфии тести коронаро ироа диҳанд. 

Парвозҳо байни «Тошканд » ва «Душанбе» рӯзи 16 марти соли гузаштаи милодӣ мутаваққиф шудааст.

Дар поёни соли 2020 мелодӣ мақомоти давлати Тоҷикистон эълом карданд, ки ҳанӯз торихи дақиқи бозгушоии парвозҳоро байни пойтахтҳои ду кишвар таъин накарданд.

Тарафайн 3 моҳи пеш имкони бозгушоии парвозҳо байни «Душанбе» ва «Тошканд»-ро аз аввали ноябри соли гузаштаи милодӣ баррасӣ карданд. Баъдан ин муддатро ба 2 декабр ба таъвиқ андохтанд. Сипас ин мавзӯ дар  аввали январи соли 2021 мелодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.