Январ 06, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Бахши ташхиси Ковиди 19 дар бемористони сохтаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон
    Бахши ташхиси Ковиди 19 дар бемористони сохтаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

Дар бемористони сохтаи Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон бахши махсуси ташхиси Ковиди 19 фаъол хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  gazeta.uz, ин шӯъба, ки манобеи сохту таҷҳизи онро ширкати давлатии нафту гази Ӯзбакистон таъмин мекунад дар баҳори 2021 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Дар ин марказ тавасути таҷҳизоти пешрафтаи фарди мубтало ба вируси корона зуд маврид шиносоӣ ва ташхис қарор мегираду барои дармон ба шаҳри Душанбе ва ё бемористонҳои дигари вилояти Хатлон мунтақил мешавад.

Сохти бемористони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон аз соли 2018 бо сармоягузории Ӯзбакистон оғоз шуд, ки бо эҳдоси шӯъбаи вижаи ташхиси Ковиди 19 дар баҳори 2021 такмил мегардад.

Дар соли 2018 Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар бораи сохтани мактаб, боғчаи бачагон ва бемористон дар қаламрави якдигар ба тавофуқ расиданд, ки Тошканд ба ваъдаи хеш амал кард ва мактаби сохти Ӯзбакистон имсол дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба баҳрабардорӣ расид.

Бо ин ҳол мактаб ва боғчаи бачагон ваъда додаи Тоҷикистон дар вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона ба далели густариши вируси корона ҳанӯз такмил нашудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп