Январ 06, 2021 21:57 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона мутаҳаммили хисороти иқтисодии фаровон шуд
    Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона мутаҳаммили хисороти иқтисодии фаровон шуд

Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисодии андакеро дар ду соли пеширӯ барои Тоҷикистон пешбинӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши ин ниҳод эълом карданд: Тоҷикистон ҳамонанди дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи густариши вируси корона мутаҳаммили хисороти иқтисодии фаровоне шуд, ки фаъолиятҳо дар марокизи саноативу тиҷории ин кишварро коҳиш ва теъдоди бекоронро афзоиш дод.

Бонки Ҷаҳонӣ пешбинӣ кардааст, ки дар сурати коҳиши раванди густариши Ковид - 19 дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодии ин кишвар дар соли 2021 ба 3,5 дарсад хоҳад расид.

Ҳамчунин идомаи одӣ шудани авзои Ковид - 19 дар соли 2022, заминаи рушди 5,5 дарсадии иқтисоди Тоҷикистонро фароҳам мекунад.

Бо ин ҳол, коршиносони Бонки Рушди АвруОсиё муътақиданд, ки дар соли 2022 бо фурӯкаш кардани буҳрони Ковид - 19 вазъи иқтисоди Тоҷикистон низ беҳбуд хоҳад ёфт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп