Умедворӣ ба беҳбуди авзоъи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2021
(last modified Thu, 07 Jan 2021 07:01:02 GMT )
Январ 07, 2021 12:01 Asia/Dushanbe
  • Ҳоҷӣ Муҳаммад Умров мегуяд, метавон ба беҳбуди авзоъи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2021 умедвор буд
    Ҳоҷӣ Муҳаммад Умров мегуяд, метавон ба беҳбуди авзоъи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2021 умедвор буд

Иқтисоддони тоҷик ибрози умедворӣ кардааст, ки бо фурӯкаш кардани буҳрони Ковид 19 дар соли 2021 авзоъи иқтисодии Тоҷикистон беҳбуд хоҳад ёфт.

Ба гузориши сомонаи Pressa, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров гуфтааст, ки беҳбуди авзоъи иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2021 илова бар коҳиши паёмадҳои Ковид 19, ба додани сабукӣ ба бахши хусӯсӣ, ҷойгузин кардани маҳсӯлоти тавлиди дохилӣ, коҳиши воридоту ҷилавгирӣ аз хомфурӯшии манобеи маъданӣ ва маводи санъатӣ низ бастагӣ хоҳад дошт.

Вай таъкид кардааст: «ҷойгузин кардани маҳсӯлоти тавлиди дохилӣ бавижа пӯшок ва маводи ғизоӣ муҷиби эҷоди шуғл барои ҳазорон нафар дар Тоҷикистон хоҳад шуд. Бояд мушкили хомфурӯшии маҳсӯлот ва маводи санъатӣ ба хориҷ низ ба таври решӣ ҳал гардад. Ин иқдом метавонад тарози манфии тиҷорати хориҷии кишвар ба нафъи воридотро тағйир диҳад.»

Умаров афзӯдааст: «агар ҳукӯмати Тоҷикистон битавонад ба бахши хусӯсӣ дар пардохти молиёт ва тамдиди замони бозпардохти вомҳои бонкӣ сабуки эъто намояд, омили муҳимме дар ташвиқи фаъолони ин бахш барои афзоиши тавлиди маҳсӯлоти дохилӣ хоҳад шуд.»

Ин иқтисоддони тоҷик бар зарурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ таъкид кардааст, зеро ба гуфтаи ӯ ин узвият имтиёзоти зиёде ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия хоҳад дод.

БЕШТАР БИХОНЕД: