Январ 09, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки нархи барқ ​​бо дархости созмонҳои молии байналмилалӣ боло меравад
    Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки нархи барқ ​​бо дархости созмонҳои молии байналмилалӣ боло меравад

Қиммати барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ дар Тоҷикистон дар 10 соли ахир ба таври паёпай афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар ин муддат қиммати ҳар киловатти соати барқ барои бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22, 6 дирам дар соли 2020  расид.

Мақомоти Душанбе далели афзоиши доими қиммати барқ дар кишварро дархости ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақавӣ унвон мекунанд, ки шарти ихтисоси вомҳои ҷадид ба Тоҷикистон мебошад.

Ин дар ҳолест, ки тайи 10 соли ахир арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ва ба вижа доллар наздик ба 2, 6 дарсад коҳиш ёфтааст ба тавре, ки агар дар соли 2010 як доллар 4 сомонӣ ва се дирам муомила мешуд дар соли 2020 ин шохис ба 11 сомонӣ ва 33 дирам расид.

Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2018 эълом карда буд, ки Тоҷикистон бояд то соли 2025 бо иҷрои барномаи вижае қиммати ҳар киловатт соат барқ барои бахши хонагиро ба 35 дирам расонад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп