Шарҳи ВКД дар бораи маҳкумияти Дона Набиев
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон интиқоли манобеи молии дарёфт шуда аз тарафи хадамоти амниятии бархе аз кишварҳои хориҷиро иллати маҳкӯмияти Дона Набиев, узви 81 солаи собиқи ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ эълом кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ахиран ин пирамарди 81 соларо ба 7 сол зиндон маҳкӯм кардааст.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе муддаӣ шудааст, ки вай манобеи молии дарёфт шуда аз хадамоти амниятии бархе аз кишварҳои хориҷиро барои ҷазби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, ифротӣ ва интишори ақломи таблиғотӣ ҳазина мекард.
Дар ин баёния гуфта шудааст, ки Дона Набиев аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳар навъи иртиботи ин гурӯҳ бо Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистонро рад кардааст.
Ин ҳизб муътақид аст, ки Дона Набиев узви 81 солаи собиқи ин ҳизб ба ҷурми ироаи кумакҳои ғизоӣ ба хонаводаҳои зиндониёни ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ ба зиндон маҳкӯм шудааст.
Пеш аз ин дар хабарҳои қаблии марбут ба маҳкӯмияти Дона Набиев ба зиндон расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон синни ин узви собиқи ҳизби мамнуъаи наҳзати исломиро 87 ва ҳукми маҳкӯмияти ӯро 5 сол эълом, аммо дар ахбори ҷадиди худ, онро ба 81 сол сину 7 сол маҳкӯмият ба зиндон ислоҳ кардаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Фарзанди узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд
- 20 соли зиндон барои яке аз аъзои ҳизби мамнуъаи наҳзати исломӣ