Ифтитоҳи давраҳои пеш‎донишгоҳии пизишкӣ дар Бадахшон
(last modified Sun, 10 Jan 2021 08:23:03 GMT )
Январ 10, 2021 13:23 Asia/Dushanbe
  • Муддатзамони омӯзиш дар ин давраҳо 8 моҳ таъин шудааст
    Муддатзамони омӯзиш дар ин давраҳо 8 моҳ таъин шудааст

Як мақоми вилояти Бадахшон аз баргузории давраҳои пешидонишгоҳӣ дар ин вилоят барои довталабони вурӯд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Назира Амирбекзода, муовини раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ин давраҳо бо ҳадафи кумак ба довталабони вурӯд ба Донишгоҳи давлатии тиббии Абуалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад шуд.

Муддатзамони омӯзиш дар ин давраҳо 8 моҳ таъин шудааст ва донишомӯхтагон метавонанд дар озмӯни вурӯдии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ширкат кунанд.

Ширкат дар ин давраҳои омӯзишӣ пулӣ аст, аммо ба довталабони узви хонаводаҳои ниёзманд осониҳое дода хоҳад шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: