"Мушкиле дар бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон нест"
(last modified Mon, 11 Jan 2021 08:52:08 GMT )
Январ 11, 2021 13:52 Asia/Dushanbe
  • Вазорати молияи Тоҷикистон нотавонии  Душанбе дар пардохти қарзи хориҷии худро рад мекунад
    Вазорати молияи Тоҷикистон нотавонии Душанбе дар пардохти қарзи хориҷии худро рад мекунад

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки Душанбе мушкиле дар бозпардохти қарзи хориҷии худ надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ин вазорат бо ишора ба бархе ахбори расонаҳои хабарӣ дар бораи нотавонии ҳукумати Тоҷикистон дар бозпардохти қарзи хориҷиаш эълом кард, ки ин мавзӯ ҳақиқат надорад.

 

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст: «Тоҷикистон ҳамонанди бисёре аз кишварҳо дар шароити густариши вируси корона аз имтиёзи эъломшудаи гурӯҳи 20 ( G20 ) барои ақаб афтодани бозпардохти қарзи хориҷиаш то поёни соли 2020 истифода кард.»

 

Гурӯҳи 20 дар моҳи ноябри 2020 замони бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон ва 45 кишвари дигарро то моҳи июни соли 2021 тамдид кард.

Бар асоси гузориши вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи хориҷии кишвар дар 10 моҳи соли 2020 ба 3 миллиарду 163 миллиону 200 ҳазор доллар расидааст, ки ниме аз он ба банки содироту воридоти Чин мебошад.

Инчунин тайи 9 моҳи соли 2020 барои бозпардохти қарзи хориҷии ҳукумати Тоҷикистон маблағи 149 миллиону 200 ҳазор доллар ҳазина шудааст.

Қаблан банки ҷаҳонӣ эълом карда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ ва кишварҳои вомдиҳанда барои ба таъхир афтодани муддати бозпардохти қарзи хориҷии хеш вориди музокира шудааст.

 

Бештар бихонед: