Ифтитоҳи нахустин маркази фарҳангии омӯзишии Русия дар Турсунзода
(last modified Mon, 11 Jan 2021 10:32:19 GMT )
Январ 11, 2021 15:32 Asia/Dushanbe
  • Бо ташаббуси ҷамъияти русизабони шаҳри Турсунзода нахустин маркази маърифати фарҳангии рус дар шаҳр кушода шуд
    Бо ташаббуси ҷамъияти русизабони шаҳри Турсунзода нахустин маркази маърифати фарҳангии рус дар шаҳр кушода шуд

Дар шаҳри саноатии Турсунзода нахустин маркази фарҳангӣ-омӯзишии Русия ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ин марказ ба ташаббуси ҷомеаи русзабонони шаҳри Турсунзрода бо ҳадафи таблиғи фарҳангу забони русӣ ифтитоҳ шудааст.

Дар ин марказ барои довталабони заминаи омӯзиши забони русӣ, улуми таҷрибӣ, ториху фарҳанги Русия фароҳам мебошад.

Инчунин барои довталабон вуруд ба донишгоҳҳои Русияи давраҳои пешдонишгоҳӣ баргузор мешавад.

 

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов дар маросими ифтитоҳи ин марказ гуфт: «Ин марказ воқеан мардумӣ асту бо кумак ва ибтикори созмонҳои мардуми ниҳод ифтитоҳ гардид. Мо мутмаин ҳастем, ки нахустин маркази фарҳангии омӯзишии Русия дар шаҳри Турсунзода нақши бисёр муҳимме дар таблиғи забон ва фарҳанги русӣ ифо хоҳад кард.»

Фролов афзуд: «Барои мо мӯҷиби ифтихор аст, ки мардуми Тоҷикистон барои Русия ва мардуми кишвари мо эҳтироми зиёд қоил ҳастанду ин омил мӯҷиби таҳкими бештари дӯстӣ миёни ду кишвар ва ду миллат низ хоҳад шуд.»

Парвиз Акрамзода,  раиси шаҳри Турсунзода низ дар ин маросим эълом кард ки сохти мактаби русӣ дар ин шаҳр ба наздикӣ барои 2 ҳазор донишомӯз аз ҳисоби манобеи молии ҳукумати Русия оғоз хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: