Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия
(last modified Mon, 26 Feb 2024 07:27:49 GMT )
Феврал 26, 2024 12:27 Asia/Dushanbe

Сафири Эрон дар Русия содироти маҳсулоти эронӣ ба Русия дар соли 2023-ро беш аз ду миллиард доллар эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ҷалолӣ сафири Эрон дар Русия дар остона баргузарии нишаст кумитаҳои тахассусии ҳабдаҳумин камиссяи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии ду кишвар ки имруз ва фардо 26 ва 27 феврал баргузор мешавад, аз рушди содироти Эрон ба Русия дар соли гузаштаи мелодӣ хабар дод.

Дипломати Эрон дар Русия бо баёни ин ки тамоми талоши масъулони ду кишвари истифода аз арзҳои миллӣ дар мубодилот дуҷониба аст афзуд, талошҳои Теҳрон-Маскав дар ҳавзаи пулӣ ва банкӣ бар ин аст ки ҳаҷми мубодилот бар асоси арзҳои миллӣ афзоиш ёбад ва ин мавзу руйкарди ҷаддии ду кишвар аст.

Сафири Эрон дар Русия таъкид кард, ҳамкориҳои пулӣ ва банкии дукишвар дар ҳол густаришаст ва бо иҷроишудани тавофуқҳои суратгирифта бисёри аз монеъҳои пулӣ ва банки бардошта мешавад.

Ҷалолӣ ҳамчунин имзои мувофиқати номаи тиҷорати озоди Эрон ва панҷ кишвари узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро муваффақиятии бузург тавсиф карду гуфт бо иҷроишудан ин мувофиқатномаи тарофаи гумруки афзун бар 90 дарсади колоҳо дар мубодилоти тиҷории Эрон ва иттиҳодияи Авруосиё сифр хоҳад шуд.

Мақомоти аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои узви иттиҳодияи Авруосиё шомили Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Арманистон рузи 25 декабр дар Санпетербург мувофиқатномаи тиҷорати озод имзо карданд.