Январ 11, 2021 21:50 Asia/Dushanbe
  • Масрафи барқ дар шаҳри Душанбе дар соли гузашта 78 миллион киловат афзоиш ёфт
    Масрафи барқ дар шаҳри Душанбе дар соли гузашта 78 миллион киловат афзоиш ёфт

Шаҳрдории Душанбе эълом кард, сокинони пойтахти Тоҷикистон бобати барқи масрафии худ дар соли 2020, 95 миллион сомонӣ қарздоранд.  

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, гуфта мешавад, ки аз қарзи 95 миллион сомонии сокинони пойтахти Тоҷикистон бобати барқи масрафӣ 70 дарсад саҳми бахши хонагӣ аст.

Масрафи барқ дар шаҳри Душанбе дар соли 2020 ба 2 миллиарду 300 миллион киловат соат расид, ки дар муқоиса бо соли 2019 наздик ба 78 миллион киловат соат бештар аст.

Як миллиарду 400 миллион киловат соат аз ин барқи масрафшуда дар марокизи барқу гармоишии пойтахти Тоҷикистон тавлид шудааст.

Шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз ба 6 миллиону 300 ҳазор киловат соат барқ ниёз дорад, ки баробар бо 10 дарсад аз кулли барқи тавлидӣ дар ин кишвар аст.

Ба далели буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон, манотиқи рустоии ин кишвар аз рӯзи 6 январ танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд ва дар бақияи соатҳо маҳдудият ҷорӣ мешавад.

Аммо шаҳри Душанбе феълан аз ин маҳдудият озод аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп