Қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" ба 32 миллиарду 320 миллион сомонӣ расид
(last modified Mon, 14 Feb 2022 15:57:48 GMT )
Феврал 14, 2022 20:57 Asia/Dushanbe
  • Қарзи ширкати

Мудири ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" эълом кард, ки қарзи ин ширкат ба 32 милларду 320 миллион сомонӣ (муодили 2 миллиарду 900 миллиондоллар) расид.

Ба гузориши сомонаи дафтари матбуоти ширкати давлати Барқи Тоҷик, ин мизон қарз дар аввали соли 2022 дар муқоиса бо соли қабл 292 миллиондорллар бештар мебошад.

Бар ин асос дар ҳоли ҳозир ин ширкат ба Вазорати молияи Тоҷикистон 24 миллард сомонӣ, нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда 1" ҳудуди 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ ва ба "Сангтуда 2" беш аз 2 миллиарду 100 сомонӣ қарздор аст.

Ҳамчунин ин ширкат ба неругоҳи барқи обии "Роғун" 630 миллион сомонӣ қарздор мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон наздик ба 16 миллиар киловт/соат барқ тавлид карданд.