Феврал 08, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
  • Қимати барқи хонагӣ дар Тоҷикистон дар 10 соли ахир ба таври паёпай афзоиш ёфтааст
    Қимати барқи хонагӣ дар Тоҷикистон дар 10 соли ахир ба таври паёпай афзоиш ёфтааст

Мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом карданд, ки ҳанӯз дар бораи афзоиши қимати барқ барои бахши хонагӣ тасмиме гирифта нашудааст.

Ба гузориши сомонаи ТОПТҶ, мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯянд, ки ин мавзуъ дар ҳоли баррасӣ аст ва албатта дар ин маврид авзои маишатии хонаводаҳо дар шароити густариши вируси корона муҳим аст.

Аммо баррасии иқтисоддонони тоҷик нишон медиҳад, ки қимати барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ дар Тоҷикистон дар 10 соли ахир ба таври паёпай афзоиш ёфтааст.

 Дар ин муддат қимати ҳар киловатт соат барқ барои бахши хонагӣ аз 9 дирам дар соли 2010 ба 22. 6 дирам дар соли 2019 расид.

Мақомоти ҳукуматӣ далели афзоиши доими қимати барқ дар ин кишварро дархости ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ унвон мекунанд, ки шарти ихтисоси вомҳои нав ба Тоҷикистон аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2018 эълом карда буд, ки Тоҷикистон бояд то соли 2025 бо иҷрои барномаи вижае қимати ҳар киловатт соат барқ барои бахши хонагиро ба 35 дирам бирасонад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп