Сентябр 28, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири энержии Тоҷикистон аз тавлиди солона як миллион тон « гидрогени сабз » хабар дод

Тоҷикистон қасд дорад то соли 2040 барои ниёзҳои дохилӣ ва арза ба кишварҳои Осиёи марказӣ солона як миллион тон « гидрогени сабз » тавлид кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Далер Ҷумъа-вазири энержӣ(энергетика) ва манобеи оби Тоҷикистон аз қасди ин кишвар барои тавлиди як миллион тон гидрогени сабз барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ва содирот ба Осиёи марказӣ хабар дод .
Ба гуфтаи вай Душанбе қасд дорад то соли 2030 милодии 10 гигават зарфияти энержии таҷдидпазир дошта бошад.
Вай бо баёни ин ки Тоҷикистон комилан ба маҳсӯлоти нафтии воридотӣ вобаста аст, гуфт : Дар ҳоли тавсеаи нақшаи роҳе барои тавлиди гидрогени сабз ҳастем.
Бинобари омори Ожонси байналмиллалии энержӣ потенсиали мавҷуди обии Тоҷикистон тақрибан 4 дарсад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон дар идома аз қасди кишвараш барои тавлиди 500 ҳазор тон гидрогени сабз то соли 2030 ва ду баробар шудан ин рақам то соли 2040 хабар доду афзуд : 75 дарсад аз ин ҳаҷм ба кишварҳои Осиёи марказӣ содир мешавад.

 

Барчасп