Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар заминаи обу энергия
(last modified Thu, 13 Jun 2024 13:35:14 GMT )
Июн 13, 2024 18:35 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар заминаи обу энергия

Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар заминаи обу энергия густариш меёбад.

Рӯзи 12 июн, дар ҳошияи севумин конфронси байналмилалии сатҳи олии Даҳаи иқдоми байналмилалӣ “Об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028″, мулоқоти вазири энергитека ва манбаъҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини вазири манобеъи оби Ҷумҳурии халқии Чин баргузор шуд.

 Тарафҳо тамоюли худро барои табодули иттилоот, таҷриба дар истифода аз фановариҳои сарфаҷӯӣ дар масрафи об, равишҳои пешрафтаи обёрӣ, техникаҳои обёрӣ, андозагирӣ ва ҳисобдории об, омӯзиши мутахассисон дар бахши об, созмондеҳӣ ва баргузории рӯйдодҳои муштараки байналмилалӣ ва минтақаии муртабит бо Даҳаи иқдоми байналмилалӣ “Об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028” ва ҳимоят аз пешбурди аҳдофи ин ибтикори Тоҷикистон баён карданд.