Азми Тоҷикистон барои коҳиши 10 дарсадии талаф шудани барқ
(last modified Sat, 09 Sep 2023 05:19:54 GMT )
Сентябр 09, 2023 10:19 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистон барои коҳиши 10 дарсадии талаф шудани барқ

Вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон аз қасди ин кишвар барои коҳиши 10 дарсадии талафоти барқ дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Далери Ҷумъа-вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон эълом кард, ки ширкатҳои энержии ин кишвар қасд доранд талафоти барқро ба 10 дарсад аз кулли тавлид коҳиш диҳанд.
Вай зимни эъломи ин матлаб дар ҷараёни ҳамоиши муштараки тиҷории кишвараш ва Олмон, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хотирнишон кард, ки Тоҷикистон қасд дорад бо афзоиши баҳраварии энержӣ ва беҳбуди зерсохтҳо ба ин ҳадаф даст ёбад.
Бинобар суханони Ҷумъа ба такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии « Роғун », ки тавлиди барқро афзоиш меҳад тавваҷуҳи вижа хоҳад шуд. Ҳамчунин барномарезӣ шуда то нерӯгоҳҳои барқии қадимӣ навсозӣ ва зарфиятҳои нав роҳандозӣ шаванд.
Вазири энержии Тоҷикистон таъкид кард, ки кишвараш мутахассисони лозимиро дорад ва то кунун сармоягузориҳои қобили таваҷҷуҳеро барои иҷрои ин пружаҳо ҷазб кардааст.
Бар асоси суханони вай ҳамкорӣ бо давлати Олмон нақши муҳимме дар ин раванд дошта ва то кунун ҳудуди 100 милион евро дар ин замина сармоягузорӣ шудааст.