Мудофеи номдори эҳёи забони тоҷикӣ даргузашт
(last modified Tue, 12 Jan 2021 07:20:49 GMT )
Январ 12, 2021 12:20 Asia/Dushanbe
  • Холиқназар узви нахустин камиссияи иҷрои Қонуни забони форсии тоҷикӣ буд
    Холиқназар узви нахустин камиссияи иҷрои Қонуни забони форсии тоҷикӣ буд

Уктами Холиқназар, аз бунёнгузорони ҳаракати эҳёи забону фарҳанги миллии тоҷикон дар синни 80 солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Ба гузориши сомонаи нашрияи Тоҷикистон, Холиқназар аз аъзои таъсиргузори ҷамъияти дӯстӣ бо форсизабонони бурунмарзӣ мавсум ба “Пайванд” буд, ки дар даврони ҳукумати Шӯравӣ талошҳои зиёде барои барқарории иртибот бо Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон ва ҳамаи форсизабонони ҷаҳон ба кор баст.

Холиқназар ҳамчунин узви нахустин камиссияи иҷро кардани Қонуни забони давлатии форсии тоҷикӣ буд, ки дар соли 1989 таъсис шуд ва мебоист дар давраи 10 сола, аз соли 1995 то 2005 тадриси хати форсиро дар тамоми мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон амалӣ мекард, аммо ҷанги дохилии Тоҷикистон монеи таҳаққуқи ин барномаҳо‌ шуд.

Вай дар соли 2000 бо навиштани китобе бо унвони “Ғалат менависем” тавваҷуҳи маҳофили адабӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистонро ба мавзӯи навиштори нодуруст дар матбуоти ин кишвар ҷалб кард.

Холиқназар донишомӯхтаи риштаи забони арабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд, ки солҳои зиёде дар кишварҳои арабӣ ба унвони мутарҷим фаъолият ва осори зиёде аз нависандагони хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва мунташир кард.

 

Бештар бихонед: