Феврал 13, 2024 18:59 Asia/Dushanbe
  • Илзоми шудани фарогирии ҳаддиақал ду забони хориҷӣ барои коркунони давлат ба дастури Эмомалӣ Раҳмон
    Илзоми шудани фарогирии ҳаддиақал ду забони хориҷӣ барои коркунони давлат ба дастури Эмомалӣ Раҳмон

Ба дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии ҳаддиақал ду забони хориҷӣ барои коркунони давлатии Тоҷикистон илзоми шуд.

Эмомалӣ Раҳмони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони тамоми коркунони давлати ва қазоати ин кишварро муваззаф кард ки дар муҳлатии яксола дасти кам ду забони хориҷиро фаро бигиранд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои судӣ, дониши васеи қонунҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва бахусус ба забондонии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар хизматчии давлатӣ аст.

Супориш дода шуд, ки барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ба кормандони мақомоти судӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ як сол муҳлат дода шавад ва дар сурати иҷро нашудани ин талабот нисбаташон чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Гузоришҳо ҳоки аз он аст ки Эмомалӣ Раҳмон ба маҳоратҳои забонии онҳо тавваҷуҳи зиёди нишон додааст.

Ҳамчунин, доир ба баррасии саривақтии парвандаҳои ҷиноятӣ, диққати ҷиддӣ додан ба арзу шикоятҳои мардум, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Барчасп