Афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Эрон
Қоимақоми муовини барномарези ва иқтисодии Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ Эрон гуфт: Бо тавваҷуҳ ба афзоиши тавлидоти кишоварзӣ, кайфияти матлуб ва афзоиши тақозо барои маҳсулоти эронӣ дар бозорҳои ҳадафи хориҷӣ, содироти анвоъи маҳсулоти кишоварзӣ то поёни соли 1402 шамсӣ аз марзи 6 миллиарду 200 миллион доллар фаротар рафт.
Ба гузориши ИРНА, Ҳомиди Наҷафии Аламдорлу қоими мақоми муовини барномарезӣ ва иқтисодии Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрони афзуд: Бар асоси омори гумрук , содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузаштаи 6.2 миллиард доллар буд ки нисбат ба соли 1401 як миллиард доллар афзоишро нишон медиҳад .
Аламдорлу бо баёни ин ки каршиносиҳои анҷомшуда нишон медиҳад муроқибат аз шароити фавқ ва тадовуми он ниёзманди афзоиш тавлид аст гуфт: Арзиши афзудаи бахши кишоварзӣ бо содироти он робита дутарафа дорад ва таҷориби муваффақ нишон додааст, ихтисоси арз ба ниҳодаҳои тавлидии бахши кишоварзӣ, агар ба лиҳози замонӣ дар авлавияти таъмин ва тахсис қарор гирад, мунҷар ба коҳиши воридоти маҳсули ниҳоӣ ва афзоиш содирот мешавад .
Қоими мақоми муовини барномарези ва иқтисодии Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон тасреҳ кард: Мизони воридот дар бахши кишоварзӣ дар соли 1402 шамсӣ нисбат ба соли 1401 як миллиард доллар коҳиш ва дар маҷмуи тарози тиҷории 2 миллиард доллар беҳбуд ёфта аст.