Апрел 28, 2024 09:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон бо касби 20 медоли қаҳрамонии рақобатҳои интихобии ҷоми ҷаҳонии вушу дар Чин
    Эрон бо касби 20 медоли қаҳрамонии рақобатҳои интихобии ҷоми ҷаҳонии вушу дар Чин

Тими миллии вушуи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо касби 20 медол муқтадирона қаҳрамони рақобатҳои интихобии ҷоми ҷаҳонии вушу дар Чин шуд.

Ин мусобиқот бо ҳузур беш аз 300 ширкаткунанда аз 38 кишвари ҷаҳон , рузҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе дар шаҳр  Ҷиянгйини Чин баргузор шуд .

Вушукорони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рақобатҳо бо касби 13 медоли тилло , 5 нуқра ва 2 биринҷи муваффақ ба касби унвони қаҳрамонии тими шуданд .

Чини мизбони ҳам бо 7 медоли тилло , 3 нуқра ва 3 биринҷи дувум шуд ва Узбекистон бо касби 3 медоли тилло , 8 медоли нуқра ва 6 медоли биринҷи дар радаи севум истод .

Ин рақобатҳо дар ҳоле ба итмом расид ки тамомии варзишкорони эъзомии Эрон ба ин пайкорҳо муваффақ ба касб медол шуданд .

6 бонуи вушукори эронӣ ба номҳои Сидиқаи Дарёӣ , Шаҳрбонуи Мансурён , Заҳрои Киёнӣ , Ҳелёи Асадён , Суҳайлои Мансурён ва Заҳрои Ҷалилӣ дар ин рақобатҳо ҳузур доштанд.

Барчасп