Январ 12, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  •  Абдуллоҳзода: Пешбинӣ мешавад, ки тобистони имсоли буҳрони корона поён ёбад
    Абдуллоҳзода: Пешбинӣ мешавад, ки тобистони имсоли буҳрони корона поён ёбад

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки ба эҳтимоли зиёд вируси корона дар ин кишвар тобистони имсол нобуд хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ҷамолиддин Абдуллоҳзода гуфтааст, ки бо тадбирҳои андешидашуда дар Ситоди мубориза бо бемории Ковид - 19 дар Тоҷикистон акнун суръати густариши ин беморӣ раванди коҳишӣ гирифтааст ва пешбинӣ мешавад, ки тобистони имсол ин буҳрон поён ёбад.

Вай афзоиши озмоишҳои Ковид - 19 дар ин кишвар, назорати шадид бар афроде ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, риояти тавсияҳои беҳдоштӣ, ҷилавгирӣ аз баргузории нишастҳову таҷаммуоти умумиро аз авомили таъсиргузор дар коҳиши омори мубталоён ба ин беморӣ унвон кардааст.

Абдуллозода изофа кард: Барои пешгирӣ аз интиқоли вируси ҷаҳишёфтаи англисӣ, афроде ки аз Аврупо вориди Тоҷикистон мешаванд, таҳти назорат қарор мегиранд ва дар сурати ниёз карантин мешаванд.

 

Бештар бихонед: