Январ 12, 2021 13:45 Asia/Dushanbe
  • Густариши Ковид - 19 ҳаракати худро дар масирҳои заминии Ӯзбакистон ба Тоҷикистонро мутаваққиф карда буд
    Густариши Ковид - 19 ҳаракати худро дар масирҳои заминии Ӯзбакистон ба Тоҷикистонро мутаваққиф карда буд

Ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ байни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба зудӣ барқарор мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ахиран қонуни рушди гардишгарӣ дар ин кишварро имзо кард, ки бар асоси он ин кишвар ба зудӣ рафтуомади автобус бо шаҳрҳои Тоҷикистонро, ки ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шуда буд, барқарор мекунад.

 

Бар асоси ин барнома, ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Тирмиз бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон дубора оғоз мешавад.

Ҳамчунин дар рӯзҳои наздик ҳаракати автобус миёни Ӯзбакистон бо ҷануби Қирғизистон аз тариқи қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ин масири кӯтоҳ имкон медиҳад, ки мусофирон аз шаҳри Тошканд бо убур аз Хуҷанди Тоҷикистон ба маркази вилояти Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон мунтақил шаванд.

Ӯзбакистон аз моҳи майи соли 2020 ба далели густариши Ковид -19 ҳаракати васоили нақлиёт дар масирҳои заминӣ бо Тоҷикистону Қирғизистонро мутаваққиф карда буд.

 

Бештар бихонед: