Наздикони Дона Набиев хостори таҷдиди назар дар ҳукми вай шудаанд
(last modified Thu, 14 Jan 2021 06:38:23 GMT )
Январ 14, 2021 11:38 Asia/Dushanbe
  • Дона Набиев бо 81 сол син ба 7 сол зиндон маҳкӯм шудааст
    Дона Набиев бо 81 сол син ба 7 сол зиндон маҳкӯм шудааст

Наздикони Дона Набиеви 81 сола ва узви собиқи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи эълом шудаи наҳзати исломӣ, хостори таҷдиди назари Додгоҳи олӣ дар бораи ҳукми 7 соли маҳкумияти вай шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ, додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ахиран ин пирамарди 81 соларо ба иттиҳоми "интиқоли манобеи молии хадамоти амниятии бархе аз кишварҳои хориҷӣ барои ҷазби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва интишори адабиёти таблиғотӣ" ба 7 сол зиндон маҳкум кард.

Аммо Зоир Давлатёров, вакили мудофеи Набиев мегӯяд, ки муваккилаш аз бемории сил ранҷ мебарад ва ниёз ба дармон дорад, ки ба ин далел бастагонаш хостори тиҷиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳукми вай шудаанд.

Дар пайи маҳкӯмияти Набиев дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе муддаӣ шудааст, ки вай аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.

Аммо вакили мудофеъи вай таъкид кардааст: «Набиев дар додгоҳ ба ду мавриди дарёфти кумаки молӣ аз наздикони аъзои ба зиндон маҳкум шудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ эътироф кард, ки ин манобеи молиро ба хонаводаҳои онон расондааст.»

Вай аз ҳисоби ҳуқуқи бознишастагиаш низ ду бор маблағи 200 ва 300 сомонӣ ба хонаводҳои ин зиндониён мунтақил кардааст.

Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳар навъ иртиботи ин гурӯҳ бо Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Афғонистонро рад кардааст.

Ин ҳизб таъкид мекунад, ки Дона Набиеви узви 81 солаи собиқи ин ҳизб ба ҷурми таҳвили кумакҳои ғизоӣ ба хонаводаҳои зиндониёни ҳизб ба зиндон маҳкум шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: