Январ 14, 2021 12:17 Asia/Dushanbe
  • Абдулғанӣ Муҳаммадазимов умедвор аст, мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар давраи Садир Ҷабборов ҳал шавад
    Абдулғанӣ Муҳаммадазимов умедвор аст, мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар давраи Садир Ҷабборов ҳал шавад

Коршиноси тоҷики масоили минтақа ибрози умедворӣ кард, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Садир Ҷабборов дар Қирғизистон ихтилофоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистон ба поён бирасад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Абдулғанӣ Муҳаммадазимов бо ишора ба пирӯзии Садир Ҷабборов дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон ва таъкиди вай бар ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон гуфтааст, ки тағйири низоми порлумонӣ ба раёсатӣ дар кишвари ҳамсоя дасти Ҷабборовро бозтар хоҳад кард.

Вай мегӯяд: « Бо вуҷӯди гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсии зиёд дар маҷлиси қонӯнгузории Қирғизистон бо дидгоҳҳои мутафовит дар низоми порлумонии ин кишвар дар солҳои гузашта ҳаллу фасли мавзӯи аломатгузоии марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти беш аз 25 солаи тарафҳо имконпазир набуд. Аммо акнӯн ки ихтиёроти раисиҷумҳурии Қирғизистон афзоиш ёфтааст, умед дорем, ки Ҷабборов бо истифода аз қудрати хеш барои ниҳоӣ кардани созишномаи аломатгузории манотиқи мавриди ихтилофи марзӣ бо Тоҷикистон иқдом кунад.»

Ин дар ҳоле аст, ки теъдоде аз коршиносони тоҷик бо ишора ба вазъи сиёсии Қирғизистон муътақиданд, ки иҷрои ваъдаҳои Ҷабборов дар заминаи решакан кардани фасоду ришвахорӣ, поён додан ба равобити хонаводагии масъӯлон ва хурӯҷи Қирғизистон аз буҳрони иқтисодӣ замонбар аст ва дур аз интизор аст, ки дар чунин шароите вай битавонад барои ҳалли сареъи ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон иқдом кунад.

Ихтилофи назар бар сари моликияти бархе аз манотиқи марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар вилоятҳои Суғду Ботканд мӯҷиб шуда, ки тайи 25 соли музокирот, тарафҳо танҳо дар бораи аломатгузории 520 километр аз 970 километри марзи муштарак ба тавофуқ бирасанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп