Сармо кӯҳистоннишинони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кард
(last modified Sat, 16 Jan 2021 08:34:54 GMT )
Январ 16, 2021 13:34 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоби Бадахшон нерӯгоҳҳои офтобӣ сохта шавад
    Қарор аст дар 61 деҳаи ноҳияи Мурғоби Бадахшон нерӯгоҳҳои офтобӣ сохта шавад

Сармои шадиди зери 30 дараҷа сокинони ноҳияи Мурғоб баландтарин минтақаи вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бо камбуди барқ рӯбарӯ кардааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, бо вуҷӯди инки дар ду соли ахир аз нерӯгоҳи барқи обии ҳазору 500 мегаватии нерӯгоҳи офтобии 220 киловаттӣ дар ноҳияи Мурғоб баҳрабардорӣ шуда, аммо акнӯн ба хонаҳои сокинони ин ноҳияи кӯҳистонӣ, ки дар иртифоъи 3 ҳазору 600 метрӣ аз сатҳи дарё воқеъ шудааст, 12 соат дар шабонарӯз барқ мунтақил мешавад.

Аммо Шоҳфозил Шоҳнизиров, корманди аршади ширкати барқи вилояти Бадахшон мегӯяд, ки кам будани об дар нерӯгоҳи барқи обии Мурғоб мӯҷиби таваққуфи фаъолияти яке аз ду турбини ин нерӯгоҳ шудааст, ки масъулонро маҷбур мекунад даст ба маҳдудияти барқ бизананд.

Вай афзуд, ин ширкат қасд дорад, ки дар 61 рӯстои ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон нерӯгоҳҳои офтобӣ бисозад то аз манобеи оби камтаре истифода шавад ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ низ таъмин шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки қимат ҳар киловатт/соат барқ дар вилояти Бадахшон 27 дирам аст, ки дар муқоиса бо соири манотиқи Тоҷикистон гаронтар аст.

Мақомоти Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.

Дар чорчӯби ин маҳдудияти сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб барқ доранд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: