Маофияти молиётии раёсати ҷумҳурӣ барои ширкати созандаи меҳмонхонаи 24 ошёна
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармони ҳукумати ин кишвар ширкати " Себистон 2018 "-масъули сохти меҳмонхонаи 24 ошёнаии панҷситора дар шаҳри Душанберо аз пардохти молиёт(андоз) озод кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон , Эмомалӣ Раҳмон бо имзои ин мусавваба ширкати ёдшударо аз пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти масолеҳи сохтмонӣ низ озод карда аст.
Сохти меҳмонхонаи " Grand Rudaki Tower " дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз соли 2018 оғоз шуда, ки илова бар бинои аслии 24 ошёнаӣ , дорои ду бинои 18 ошёна низ хоҳад шуд.
Ин меҳмонхона дорои 141 утоқ хоҳад буд ва дар он барои пазириши меҳмонон тамоми шароиту васоили лозимро фароҳам месозанд.
Гуфта мешавад, ки бо ифтитоҳи ин меҳмонхонаи 5 ситораӣ заминаи пазириши ҳайатҳои сиёсии хориҷӣ низ муҳайё хоҳад шуд.
бештар бихонед
- Муофиятҳои молиётии густурда дар барномаи зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон
- Муофияти гумрукӣ ва андози ширкати насби ҳисобкунакҳои нави барқ дар Душанбе