Гузориш : Ҳамла ба меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул
Декабр 13, 2022 14:33 Asia/Dushanbe
Инфиҷору ҳамлаи рӯзи душанбе ба меҳмонхонаи маъруф ба меҳмонхонаи чиниҳо дар маркази шаҳри Кобул бо кушта шудани се ҳамлакунанда поён ёфт .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, аз маҳали даргирии чандсоъатаи неруҳои Толибон бо муҳоҷимони мусаллаҳ, ва ба гуфтаи масъулони бемористони Эмирҷинсии Кобул ҳаждаҳ захмӣ ва се кушта ба ин бемористон мунтақил шудааст .
Сухангӯи ҳукумати сарпарасти Афғонистон эълом кард : Ҳеҷ шаҳрванди хориҷӣ дар ин инфиҷор ва даргирӣ кушта нашудааст ва танҳо ду шаҳрванди хориҷӣ, ки худро аз панҷара ба берун партоп карданд, захмӣ шуданд .
Барчасп