Эъломи торихи ҷадид барои сафари зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи умра
(last modified Sat, 16 Jan 2021 17:28:57 GMT )
Январ 16, 2021 22:28 Asia/Dushanbe
  • Арабистон то кунун чанд бор торихи ҳаҷҷи умраи тоҷиконро тағйир дода аст
    Арабистон то кунун чанд бор торихи ҳаҷҷи умраи тоҷиконро тағйир дода аст

Арабистони ин бор торихи 31 марти 2021-ро ба унвони замони оғози пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон барои ба ҷо овардани ҳаҷҷи умра эълом карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , Саъдуллоҳ Қурбонов-масъули яке аз ширкатҳои хадамоти Ҳаҷ дар Тоҷикистон ба номи ширкати “Расул сохтмон” дар тавзеҳи далели ин таъхир гуфт, ки ин тасмим ба иллати густариши вируси корона дар Арабистон гирифта шуда аст.

 Қурбонов таъкид кард : « Қарор буд маносики ҳаҷҷи умра барои тоҷикҳо аз моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардад, аммо ба далели густариши бемории Ковид 19 дар Арабистон мақомоти ин кишвар хоста буданд, ки эъзоми довталабон аз охири моҳи январи соли 2021 шурӯъ шавад . Бо ин ҳол ахиран ҳам мақомоти Арабистон эълом карданд, ки ба эҳтимоли зиёд эъзоми зоӣрон аз охири моҳи марти 2021 оғоз хоҳад шуд.»

Ба гуфтаи Саъдуллоҳ Қурбонов масъулони саъудӣ шарт гузоштаанд, ки синни афроде ки барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра аз Тоҷикистон ба Арабистон равона мешаванд , набояд аз 50 сол боло бошад.

Қурбонов дар бораи маблағи анҷоми маносики ҳаҷҷи умра барои тоҷикҳо ибрози назар накард, аммо солҳои қабл ин маблағ 20 ҳазору 500 сомонӣ ( муодили 2 ҳазору 500 доллар ) буд.

бештар бихонед: