Бозгашти нахустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни тоҷик ба ватан
(last modified Sun, 17 Jul 2022 14:17:17 GMT )
Июл 17, 2022 19:17 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти нахустин гуруҳ аз ҳоҷиёни тоҷик ба ватан
    Бозгашти нахустин гуруҳ аз ҳоҷиёни тоҷик ба ватан

Нахустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни тоҷикистонӣ рӯзи якшанбе 17 июли соли ҷорӣ ба ватан боз гаштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии умури дин ва ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард, ки ин гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр аз шаҳри Мадина ба шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон мунтақил шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи умури динии Тоҷикистон имсол 3 ҳазору 562 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мушараф ба сафари ҳаҷ шуданд.

Пеш аз густариши вируси Корона дар соли 2019 беш аз 6 ҳазор тоҷикистонӣ ба сарзамини Ваҳӣ сафар карда буданд.

Аммо дар сафари ҳаҷи имсол ду нафар дар Арабистони Саъудӣ ҷони худро аз даст доданд ва ҳамонҷо ба хок супорида шуданд гуфта мешавад, ки харҷи сафари ҳаҷ имсол барои ҳар зоири тоҷик 5 ҳазору 350 доллар таъйин шуда буд.