Январ 17, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Бо ин нармафзор ба хадамоти даллолону воситаҳо дар ҳавзаи муҳоҷират ба Русия ниёзе нест
    Бо ин нармафзор ба хадамоти даллолону воситаҳо дар ҳавзаи муҳоҷират ба Русия ниёзе нест

Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон бо ҳамкории як созмони хайрияи байналмиллалӣ нармафзори роҳнамои телефонии вижаи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро тавлид карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ , муҳоҷирони тоҷики ҷӯёи кор бо насби ин нармафзор дар телефонҳои ҳамроҳи хеш метавонанд тамоми иттилооти ҳуқуқӣ дар бораи муқаррароти кору зиндагӣ дар Русияро дарёфт кунанд.

 Ин нармафзор шомили се бахш аст, ки иттилооти лозим қабл аз сафар ба Русия ҳангоми ҳузур дар ин кишвар ва низ муқаррароти бозгашт ба Тоҷикистонро пешниҳод мекунад.

Аз дидгоҳи коршиносон ин иқдом барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия аҳамияти бисёре дорад, зеро бисёрӣ аз онон ба далели надоштани иттилооти дуруст бо мушкилоти мухталифи ҳуқуқӣ , боздоштҳои ғайриқонунӣ , суистифодаи даллолон , фиреби корфармоён , дарёфт накардани саривақтии дастмузд ва ҳатто ихроҷ аз ин кишвар рӯ ба ‌рӯ мешаванд.

 Раҳмон Улмасов - устоди донишгоҳ ва коршиноси умури муҳоҷират мегуяд, ки бо роҳандозии ин нармафзор ба хадамоти даллолону воситаҳо, ки ба баҳонаи корёбӣ теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро фиреб медиҳанд, ниёзе боқӣ намемонад.

 Мақомоти Русия теъдоди афроди ҷӯёи кори тоҷикро, ки ҳамасола ба ин кишвар сафар мекунанд як миллион нафар ва мақомоти Тоҷикистон ин оморро 500 ҳазор нафар эълом мекунанд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп