Ришвахорӣ ду зани корманди Вазорати дохилаи Тоҷикистонро ба дом андохт
Мудири бахши таҷзия, таҳлил ва контроли иттилооти раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва як корманди ин идора ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт шудаанд.
Ба гузориши сомонаи Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Зебуннисо Исматшоҳзода ва Қумригул Ҳалимзода дар баробари ҳазору 200 доллар ришва ба як шаҳрванди тоҷикистонӣ ваъда дода буданд, ки иттилооти марбут ба доғи судии вайро ҳазф кунанд то битавонад ҳуҷҷати нави ҳувиятӣ дарёфт кунад.
Кормандони Агентии давлатии мубориза бо коррупсия ин ду корманди зани Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистонро ҳангоми дарёфти ришва боздошт кардаанд.
Бар асоси Қонуни ҷиноятии Тоҷикистон ин ҷурм метавонад барои ин ду корманди зани Вазорати корҳои дохила 5 сол зиндонро дар пай дошта бошад.
Бештар бихонед:
- Боздошти як корманди шаҳрдории Душанбе ба иттиҳоми ришвахорӣ
-
Боздошти як мақоми амниятии Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ