Январ 18, 2021 22:34 Asia/Dushanbe
  • Ин ҷаласа ба раёсати Ҳасан Султонов, намояндаи доими Тоҷикистон баргузор шуд
    Ин ҷаласа ба раёсати Ҳасан Султонов, намояндаи доими Тоҷикистон баргузор шуд

Нахустин ҷаласаи Шӯрои доими Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2021 бо раёсати Тоҷикистон ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ин ҷаласа, ки ба раёсати Ҳасан Султонов, намояндаи доими Тоҷикистон ва бо ҳузури намояндагони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ва ҳамчунин Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор шуд, таомули ин созмон бо Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муқобила бо чолишҳову таҳдидҳои модерн баррасӣ шуд.

Ҳозирон ҳамчунин бар сари баёнияи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди талош барои тасбити авзоъ дар Ғарби Осиё ва шимоли Африқо тавофуқ карданд.

Талош дар заминаи мубориза бо терроризм, истифода аз фанновариҳои ҷадид ва мамнуияти тавлиди анвои ҷадиди силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва сомонаҳои ҷадиди ин навъи силоҳҳо ва таъмини субот дар ҷаҳон аз дигар мабоҳиси ин нишаст буд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп