Ирсоли ваксинаи корона барои низомиёни русии мустақар дар пойгоҳи 201
(last modified Tue, 19 Jan 2021 11:59:22 GMT )
Январ 19, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи ваксинаи корона барои низомиёни рус дар Тоҷикистон ихтиёрӣ аст
    Тазриқи ваксинаи корона барои низомиёни рус дар Тоҷикистон ихтиёрӣ аст

1 100 дозаи ваксинаи корона бо истифода аз таҷҳизоти вижаи сардкунанда барои низомиёни мустақар дар пойгоҳи 201 аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии ҳавзаи марказии низомии Русия , ин ваксинаҳо ба низомиёни пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон тазриқ хоҳад шуд.

 Ба гуфтаи мақомоти фармондеҳии ҳавзаи низомии марказии Русия дар навбати нахуст ваксинаи Ковид 19-ро кормандони бемористони рақами 451 , афсарону сарбозони мустақар дар қисмҳои ҳарбии шаҳрҳои Душанбеу Бохтар дарёфт хоҳанд кард.

 Бо ин ҳол тазриқи ин ваксина барои афрод  довталабона хоҳад буд.

Пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия мустақар дар атрофи Душанбе, бузургтарин маркази низомии ин кишвар дар хориҷ аст, ки ду воҳиди он дар ҷануби пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Бохтар-маркази вилояти Хатлон фаъолият мекунад.

 Ин пойгоҳ шомили нерӯҳои зиреҳӣ , зиддиҳавоӣ , паҳподӣ , дифо аз ҳамлаҳои кимиёӣ , иттилоотӣ ва иртибототу ҷанги электроникӣ аст.

бештар бихонед: