Русия даври ҷадиди омӯзиши нерӯҳои низомии тоҷикро оғоз кард
(last modified Sat, 30 Jan 2021 08:26:26 GMT )
Январ 30, 2021 13:26 Asia/Dushanbe
  • Ин давраи омӯзишӣ ба таври мутавассит 3 моҳ идома меёбад
    Ин давраи омӯзишӣ ба таври мутавассит 3 моҳ идома меёбад

Мураббиёни пойгоҳи низомии 201 Русия омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар давраи зимистониро оғоз карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, омӯзиши нерӯҳои низомии тоҷик дар ду муҷтамаъи омӯзиши «Лоҳур» ва «Сумбула» дар 14 тахассуси низомӣ, аз ҷумла муҳандисӣ ва ронандагии танки T-72, фармондеҳии сомонаи мӯшаки партоби чандгонаи BM-21, тубчии тӯпхонаи худрони 2C1, тӯбчии васоили нақлияи зиреҳии BTR-80 ва норанҷакандоз сӯрат ме‌гирад.

Гуфта имешавад, ин давраи омӯзишӣ ба таври мутавассит 3 моҳ идома меёбад.

Пойгоҳи низомии 201 Русия бузургтарин маркази низомии ин кишвар дар хориҷ буда ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: