Январ 20, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров сокинони як биноро дар Санкт-Петербург аз оташсузӣ наҷот доданд
    Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров сокинони як биноро дар Санкт-Петербург аз оташсузӣ наҷот доданд

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия бо тақдими медал аз ду тоҷик, ки дар сухтори як бинои чандошёна дар атрофи Санкт-Петербург муваффақ ба наҷоти сокинони он шуда буданд , ташаккур кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров, ки рӯбарӯйи ин хона зиндагӣ мекарданд бо мушоҳидаи оташсӯзӣ худро ба ҷои ҳодиса расонда ва то омадани оташнишонону гурӯҳҳои имдодӣ тамомии сокинони ин биноро ба берун мунтақил карданд.

 Гуфта мешавад иллати ин оташсӯзӣ таркиши газ дар яке аз хонаҳо буда аст.

 Фидокории ин ду тоҷик ба таври густардае дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб ёфт ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз онон қадрдонӣ кард.

Зариф Ниёзов 14 сол қабл барои кор ба Русия омада ва шаҳрвандии ин кишварро дарёфт карда аст.Вай дар яке аз корхонаҳои Санкт- Петербург фаъолият мекунад.

 Фаррух Умаров ки аз дӯстони даврони кудакии Ниёзов аст, низ дар Русия ронандаи таксӣ аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп