Январ 21, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Мақомҳои вилояти Суғд наздик ба 9 миллионсомонӣ пули барқи пардохт нашударо ҷамъоварӣ карданд
    Мақомҳои вилояти Суғд наздик ба 9 миллионсомонӣ пули барқи пардохт нашударо ҷамъоварӣ карданд

Коргурӯҳи вижаи назорат бар масрафи барқ дар вилояти Суғд ахиран бо кумаки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳудӯди 9 миллионсомонии ҳазинаи барқи пардохтнашударо ҷамъоварӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, ин маблағ дар шаҳрҳои Исфара, Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварӣ ва ба ҳисоби ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ворез шудааст.

Ба далели шиддат ёфтан буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон Ситоди вижаи кишварӣ барои назорат бар масрафи барқ фаъолияти худро оғоз кардааст.

Аз вазоифи ин ситод ифшосозии дуздии барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масраф аст.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик” аъзои ин ситод мебошанд.

Дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз рӯзи 6 январи имсол аз соати 23 шаб то 6 субҳ маҳдудияти барқ иҷро шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп