Январ 21, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • 23 ҳазор фаъоли инфиродии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2020 фаъолияти худро қатъ карданд
    23 ҳазор фаъоли инфиродии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2020 фаъолияти худро қатъ карданд

Бинобар эъломи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2020 дар кишвари 23 ҳазору 800 фаъоли бахши хусусӣ дар шароити коронаӣ муҷаввизи худро бекор кардаанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто , 800 шахси ҳуқуқӣ ва 23 ҳазор фаъоли инфиродӣ дар ин муддат фаъолияти худро қатъ кардаанд.

 Бар асоси омори ахир 641 ҳазор нафар дар бахши хусусии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки 592 ҳазор тан аз онон дорои муҷаввизи инфиродӣ ҳастанд ва бақияи шахси ҳуқуқӣ мебошанд.

 Бо ин ҳол таъкид мешавад, ки Вазорати  молияи Тоҷикистон дар бора иллати даст аз кор кашидани фаъолони бахши хусусӣ ва  монеъаҳо ва мушкилоти онон тавзеҳ надода аст.

 Мушкилоти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

 Дафтари намояндагии барномаи рушди Ссозмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон бо интишори гузорише дар соли 2020 таъкид карда буд, ки ширкатҳо ва корхонаҳои бузурги давлатӣ дар роҳи фаъолияти бахши хусусӣ монеъатарошӣ мекунанд.

 Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо инҳисори бахшҳои энержӣ , истихроҷи канданиҳои фоиданок, фулузоти рангӣ , тавлиди маводи ғизоӣ , сохтмонсозӣ , ҳамлу нақл , ҳавопаймоӣ ва мухобироту иртиботот шароити яксони фаъолият барои бахши хусусиро фароҳам наме‌созад.

 Коршиносону иқтисоддонони тоҷик низ муътақиданд андози зиёд, суди болои қарзҳои банкӣ ва тафтишоти ниҳодҳои назоратии ҳукуматӣ аз фаъолони бахши хусусӣ иллати аслии даст аз кор кашидани онон аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп