Январ 22, 2021 21:30 Asia/Dushanbe
  • Дидабони Ҳуқуқи Башар аз Тоҷикистон хостааст Набиевро, ки бемору куҳансол аст, озод кунад
    Дидабони Ҳуқуқи Башар аз Тоҷикистон хостааст Набиевро, ки бемору куҳансол аст, озод кунад

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ (Human Rights Watch) аз Тоҷикистон хост, Дониёр Набиеви 81 соларо ҳарчӣ зудтар озод кунад.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Дониёр Набиев моҳи августи соли 2020 боздошт ва дар 28 декабри ҳамон сол ба гумони ифротгарӣ ва кумак ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар баёнияи Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалӣ таъкид шудааст: «Набиев чанд бор аз ҳисоби нафақаи бознишастагии хеш ба хонаводаҳои зиндониёни Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯаи наҳзати исломӣ ба маблағи 15 то 30 доллар кумак кардааст. Аммо ба далели ногувории вазъи ҷисмонии вай, ки аз бемории сил ранҷ мебарад, мақомоти қазоии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар барои озодии ӯ иқдом кунанд».

Қаблан дар пайи маҳкумияти Набиев, дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар баёнияе муддаӣ шуда буд, ки вай аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба гурӯҳи террористии ҷамоати  Ансоруллоҳ дар Афғонистон, ки бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иртибот дорад, кумаки молӣ ирсол кардааст.

Аммо вакили мудофеи Набиев таъкид кардааст: «Набиев дар додгоҳ ба ду мавриди дарёфти кумаки молӣ аз наздикони аъзои ба зиндон маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ эътироф кард, ки ин манобеи молиро ба хонаводаҳои онон расонидааст. Вай аз ҳисоби нафақааш низ ду бор маблағи 200 ва 300 сомонӣ ба хонаводаҳои ин зиндониён мунтақил кардааст».

Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳар навъ иртиботи ин гурӯҳро бо ҷамоати  Ансоруллоҳ дар Афғонистон рад кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп