Январ 23, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 муҷаввизи фаъолияти 850 корхона дар Тоҷикистон бекор шуда аст
    Дар соли 2020 муҷаввизи фаъолияти 850 корхона дар Тоҷикистон бекор шуда аст

12 ҳазор воҳиди тавлидӣ ва саноъатии сабтшуда дар Тоҷикистон дар соли 2020 ҳеч фаъолияте надоштаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , 48 ҳазор корхонаву коргоҳи саноъатӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки беш аз 25 дарсади онҳо баробар бо 12 ҳазор воҳид дар соли гузашта фаъол набудаанд.

 Набуди маводи хом , кори мавсимӣ , мушкилоту қарзҳои молӣ , фарсудагии таҷҳизот ва нотавонии маҳсулоти тавлидӣ дар рақобат бо тавлидоти минтақаӣ аз далоили таваққуфи фаъолияти ин корхонаҳову воҳидҳои саноъатӣ аст.

Дар соли 2020 ҳамчунин 1193 корхона дар Тоҷикистон ба сабт расида ва муҷаввизи фаъолияти 850 корхона низ лағв шуда аст.

Гуфта мешавад, ки 36 дарсад аз воҳидҳои саноъатии фаъол дар вилояти Cуғд , 31,5 дарсад дар вилояти Хатлон , 18,4 дарсад дар шаҳри Душанбе,12,7 дарсад дар ноҳияҳои марказӣ ва 1,7 дарсад дар вилояти Бадахшон воқеъ шуда анд.

 Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом карда аст, ки дар ин кишвар 265 корхона дар бахши истихроҷи маъдан , 1800 воҳид дар заминаи коркард ва 70 воҳид низ дар бахши таъмини барқ,об ва газ фаъолият ме‌кунад.

Бештари корхонаҳои давлатии Тоҷикистон қарздоранд  

 Дар Тоҷикистон наздик ба 800 корхона ва ширкат бо сармоягузории давлатӣ мудирият мешавад,ки корхонаи алюминий , нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун , Барқи тоҷик , Трансгаз , Тоҷиктелеком , фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе , Тоҷикэйр ва корхонаи сементи Душанбе аз ҷумлаи ин марокиз ҳастанд, ки бо 100 дарсад манобеи молии давлатӣ фаъолият мекунанд.

 Аммо нуктаи ҷолиб ин аст, ки бештари ин корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ аз ҷумлаи бузургтарин қарздорон ба шумор мераванд ва мизони қарзи ин марокиз дар моҳи октябри соли 2020 ба 87 миллиард сомонӣ ( муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар ) расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп