Октябр 17, 2016 11:37 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии филми Дидор дар Тоҷикистон

Ҷашнвораи байналмилалии филми Дидори Тоҷикистон бо намоиши филми "Бародар", асари коргардони марҳуми тоҷик Бахтиёр Худойназаров ифтитоҳ шуд.

Ба иттилои сайти Азия-Плюс, ин ҷашнвора, ки ҳар ду сол як бор баргузор мешавад, ба поси хадамоти Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷик бо намоиши филми вай оғоз шуд.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфтааст, дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Дидори Тоҷикистон 40 нафар аз коргардонони машҳури синамо аз кишварҳои Эрон, Арманистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон, Амрико, Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Швейтсария, Ҳинд ва чанд кишвари дигар филмҳои худро ба намоиш хоҳанд гузошт .

Вай таъкид кардааст, ки барои баргузории Ҷашнвораи байналмилалии филми Дидори Тоҷикистон Созмони Ҷашнвораи ҷаҳонии филми Фаҷри ҷумҳурии исломии Эрон кумакҳои арзишманде кардааст ва 16 нафар аз коргардонони машҳури эронӣ дар ин ҷашнвора ҳузур доранд .

Ба гуфтаи Сафар Ҳақдодов, дар ин ҷашнвора ба ёди марҳум Бахтиёр Худойназаров филмҳои дигари вай бо унвонҳои "Абру ба Абру", "Падари Маҳтобӣ" ва "Дар ҷустуҷуи  дарё" ба намоиш гузошта хоҳад шуд .

Ин се филм дар ҷашнвораҳои мухталифи байналмилалӣ муваффақ ба касби ҷавоизи мухталифе шудааст.

Ҷашнвораи байналмилалии филми Дидор то бистуми октябр дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон идома дорад .